<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Бишнав, ҳотиф сароид анвори шоҳи мавъуд СЧҲ1002 Хд222</title>
<lyrics>[V1]
. E                H   E       H      E
 Бишнав, ҳотиф сароид анвори шоҳи мавъуд,
.             H        Fis   H  Fis H
 Тобида сӯи олам бо раҳмат омад фуруд.
.E             A    H  E           A     H
 Эй мӯъминон, бархезед бо савту ҳамду дуруд,
.   A    Cis Fism Cis Fism H       E          H  E
 // Бо аршиён гӯед: &quot;Шуд дар Байт-Лаҳм Масеҳ мавлуд&quot;. //

[V2]
 Эй осиён, башорат, к-аз назди Рабби Ҷалил,
 Бо ҷумлаи малоик овард мужда Ҷаброил:
 &quot;Дар ҷисми хокӣ омад Исои Имонуил,
 // Хост зистан чун мо бо мо, ҳақро намоед таҷлил&quot;. //

[V3]
 Сароед, эй мӯъминон, ҳамд бар Рабби адолат,
 К-Ӯ моро карда озод аз зулмати ҷаҳолат.
 Худро маҳрум кард Исо аз иззату ҷалолат,
 // Ва мо гумгаштагонро бираҳонд аз залолат. //</lyrics>
<hymn_number>1002</hymn_number>
<key>E</key>
</song>